ABNA24 – Маҷаллаи мазкур дар гузорише бо ишора ба афзоиши шадиди масрафи маводи мухаддир дар байни ҷавонони Арабистон навишт, бо вуҷуди тағйирот дар ҷомеаи ин кишвар барои коҳиши масрафи маводи мухаддир, мизони масраф дар Арабистони Саудӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки воридоти маводи мухаддир ба мавзӯи оддӣ дар Арабистон табдил шудааст, ба тавре ки аз ин кишвар ба унвони пойтахти маводи мухаддир дар Ғарби Осиё метавон ёд кард.
Дафтари мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид (UNODC) дар гузорише эълом кардааст, ки байни солҳои 2015 то 2019 ниме аз кептагони кашфшуда дар Ғарби Осиё дар Арабистон будааст.
342/