21 Декабр 2021 - 14:58
Ду футболисти тоҷикистонӣ ба Персполис пайвастанд

Саранҷом пас аз гуфтумонҳои фаровон ду футболисти тоҷикистонӣ расман ба ҷамъи сурхпӯшон пайвастанд.

ABNA24 – Ба гузориши “Шафақно”, саранҷом пас аз чанд ҳафтаи билотаклифӣ, ду бозикуни тоҷикистонии мадди назари бошгоҳи Персполис қарордодашонро имзо карданд.

  • Билотаклифии бозикунони тоҷики Персполис

Ин ду бозикуни собиқи Истиқлоли Тоҷикистон, ки амалкардашон мавриди таъйиди Яҳё Гулмуҳаммадӣ қарор гирифта буд, барои имзои қарордод бо Персполис ба Теҳрон сафар карда буданд, вале баста будани панҷараи нақлу интиқолоте монеи имзои қарордоди онҳо шуда буд.

Дар ниҳоят, пас аз боз шудани панҷараи Персполис ин ду нафар соате пеш ҳар кадом бо имзои қарордоде ба муддати се фасл ба ҷамъи сурхпӯшон пайвастанд.

342/