13 Декабр 2021 - 14:56
Сатторӣ : Эрон яке аз бартарин зистбумҳои фанноварии минтақаро дорад

Муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон таъкид кард : Эрон яке аз бартарин зистбумҳои фанноварии минтақаро дорад.

ABNA24 – Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сурно Сатторӣ-муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон дар гирдиҳамоии руасои намояндагиҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар кишварҳои ҳамсоя афзуд : Ин амр метавонад заминаи хубе барои тавсеъаи содирот бошад .

Сатторӣ афзуд : Зистбуми фанноварӣ ва навоварии Эрон меҳвари таъомул бо кишварҳои ҳамсоя аст .
Муовини илмӣ ва фанноварии раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин гуфт : Содироти маҳсулоти донишбунён ба ғайр аз ҳавзаи фанноварии иттилоот ва касбу корҳои диҷитал ба беш аз 700 миллион доллар мерасад .

Сатторӣ хотирнишон кард : Бо зерсохтҳои эҷодшуда ширкатҳои донишбунён ба мурӯр дар ҳоли вуруд ба бозорҳои байналмилалӣ ва арсаи содирот ҳастанд .

342/