3 Декабр 2021 - 18:15
Оғози нишасти поёнии музокироти Эрон ва гуруҳи 4+1 дар Вена барои ҷамъбандии музокирот

Нишасти ихтитомияи музокироти Эрон ва гуруҳи 4+ 1 бо ҳузури раисони ҳайатҳои музокиракунандаи узви ин тавофуқи ҳастаӣ барои ҷамъбандии ҳафтумин давр аз музокирот, ба хотири лағви таҳримҳо дар меҳмонхонаи Кобурги Вена оғоз шуд.

ABNA24 – ин нишаст дар сатҳи муовинони вазир ва мудирони сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва гуруҳи 4+1, имрӯз, ҷумъа ба раёсати Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ва Энрике Мора, муовини дабири кулли Хадамоти иқдоми хориҷии Иттиҳоди Аврупо оғоз шуд.

  • Таҳлил: Таъкиди Эрон бар авлавияти лағви таҳримҳо дар сеюмин рӯзи музокирот дар Вена

Ин нишаст ба дархости тарафҳои аврупоӣ ташкил шудааст, ки хостори муҳлат барои бозгашт ба пойтахтҳо ва баррасии мутуни пешниҳодии Эрон ҳастанд.

Эрон чаҳоршанбешаб матни пешниҳодии худро дар қолаби ду мавзӯи лағви таҳримҳои золимона ва масоили ҳастаӣ ба тарафҳои муқобил ироа дод.

Матнҳои пешниҳодии Ҷумҳурии исломии Эрон дирӯз (панҷшанбе) дар ҷаласоти мухталиф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

342/