ABNA24 – Ходимони остони муқаддаси ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) имрӯз ба ниёбат аз ҳамаи мардуми дилдодаи аҳли байти исмату таҳорат (а) дар ҷавори боргоҳи малакутии ин бонӯи каромат ба азодорӣ машғул ҳастанд ва дигар иродатмандон низ дар саҳнҳои Ҳарами мутаҳҳар ҳозир шуда ва бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ нисбат ба ҷойгоҳи осмонии каримаи аҳли байт (а) арзи иродат мекунанд.
Ба далели густариши вируси корона, тамҳидоте андешида шудааст то азодорон бо риояти масоили беҳдоштӣ арзи иродати худро нисбат ба ҳазрати Маъсума (с) тақдим кунанд.
Имрӯз (сешанбе) 10 рабеуссонии соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо 16 ноябри соли 2021, солрӯзи вафоти ҳазрати Фотимаи Маъсума (с) духтари имом Мӯсои Козим (а), аз наберагони паёмбари гиромии Ислом – ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) аст.
342/