ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи суқути давлати Ашраф Ғанӣ ба дасти Толибон ва мухтал шудани кори идороти давлатӣ, нашри омори рӯзонаи корона низ мутаваққиф шуд.
Тибқи оморе, ки аз сӯи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мунташир шуда дар 24 соъати гузашта дар Афғонистон 40 нафар ба корона мубтало шуда, ки бо ин ҳисоб маҷмӯи афроди мубтало ба вируси корона дар ин кишвар ба 156 363 нафар афзоиш ёфтааст .
Ин дар ҳолест, ки дар паи таҳаввулоти сиёсӣ ва иқтисодии ахир рақами дақиқе аз омори ибтило ва маргу мири ношӣ аз вируси корона дар кишвар мунташир нашудааст .
342/