Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, сарҳанг Фаридун Муҳаммадализода гуфтааст, ки дар вилояти Бадахшон ин барнома сад дарсад иҷро шудааст.
Вай таъкид кард, ки дар манотиқи марказии Тоҷикистон ин барнома наздик ба 61 дарсад, вилояти Суғд 32 дарсад ва вилояти Хатлон наздик ба 30 дарсад иҷро шудааст.
Шаҳри Душанбе низ барномаи эъзоми сарбозон ба хидмати низомиро наздик ба 50 дарсад иҷро кардааст.
- Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои баҳору пойиз (тирамоҳ) барномаи эъзоми ҷавонони болои 18 сол барои хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар иҷро мешавад.
Аммо ахиран бо тасвиби қонуни ҷадиди хидмати ҳарбӣ, заминаи бозхариди хидмати сарбозӣ фароҳам шуд, ки бо пардохти маблағи 25 ҳазору 500 сомонӣ (муодили 2 ҳазору 200 доллар) метавон корти муофият дарёфт кард.
342/