3 Октябр 2021 - 14:15
Раҳбари муъаззами инқилоб : Неруҳои мусаллаҳи Эрон ҳисори мустаҳкам баробари таҳдидҳои сахти душманон ҳастанд

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Неруҳои мусаллаҳи мо ҳисори мустаҳкаму сипари дифоии кишвар дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳ дар Донишгоҳи афсарӣ ва тарбияти посдории Имом Ҳусайн алайҳис-салом баргузор шуд .

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аз тариқи тасвирӣ бо ин маросим дар иртибот буданд ва барои афсарону донишҷӯён суханронӣ карданд .
Фармондеҳи муъаззами кулли қуво дар ин маросим афзуданд : Ифтихори неруҳои мусаллаҳи мо ин аст, ки неруҳои мусаллаҳ дар кишвари азизи мо ҳисору қалъаи мустаҳкаме барои кишвар ва миллат ҳастанд . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : Имрӯз созмонҳои неруҳои мусаллаҳ, артиш,сипоҳ,неруи интизомӣ, Басиҷ ба маънои воқеии калима сипари дифоӣ дар баробари таҳдидҳои сахти душманони берунӣ ва дарунӣ ҳастанд.

Ишон тасреҳ карданд : Амнияти як кишвар барои ҳамаи фаъолиятҳо дар ҷиҳати пешрафт зерсохти асосӣ аст ; амният муҳимтарин масаълае аст, ки дар нигоҳ ба неруҳои мусаллаҳ бояд мавриди тавваҷуҳ қарор бигирад.

Хабари такмилӣ пасонтар мунташир мешавад .

342/