ABNA24 : Ба гузориши “Шафақно”, нерӯҳои Амруллоҳ Солеҳ, ки худро қонунан кафили раёсати ҷумҳурии Афғонистон муаррифӣ мекунад, шаҳри Чорикор дар вилояти Парвон, дар 64 километрии шимоли Кобулро аз дасти Толибон пас гирифтанд.
Як манбаи огоҳ зимни эъломи ин хабар таъкид кард: Дар ҳоли ҳозир набардҳо дар перомуни Панҷшер дар ҷараён аст.
Чорикор дар масири ҷодаи стратегие, ки Кобулро бо Мазори Шариф, бузургтарин шаҳр дар шимоли Афғонистон муттасил мекунад, қарор дорад.
Амруллоҳ Солеҳ ба тозагӣ дар паёме эълом кард, ки дар Афғонистон ҳузур дорад ва бар асоси қонуни асосии ин кишвар дар ғиёби раиси ҷумҳур қонунан сарпарасти раёсати ҷумҳуриро ӯҳдадор аст.
Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои Толибон ба Кобул дар 15 август аз кишвар хориҷ шуд.
342/