3 Июл 2021 - 13:58
Мухолифати Русия бо истиқрори низомиёни амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷ аз Афғонистон

Намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури афғонистон Замир Кабулов гуфт. ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон набояд ба истиқрори ин нерӯҳо дар осиёи Марказӣ бианҷомад.

ABNA24 : Замир Кабулов, намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон гуфт ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон набояд ба истиқрори ин нерӯҳо дар Осиёи марказӣ бианҷомад.

Кабулов дар ин  замина тасреҳ кард: «Ин фароянд наметавонад ва набояд ба истиқрори муҷаддади нерӯҳои Амрико ва НАТО дар зерсохтҳои низомӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба вижа  Осиёи марказӣ мунҷар шавад. Мо пештар дар ин замина дар сутӯҳи мухталиф ба Вашингтон ҳушдор додаем ва умедворем, ки ин паёмҳо шунида шавад.»

Мавзеи сареҳи Маскав дар бораи истиқрори эҳтимолии низомиёни амрикоӣ дар Осиёи марказӣ пас аз хуруҷ аз Афғонистон дарвоқеъ ба манзалаи занги хатаре барои ҳар гуна  иқдоми эҳтимолӣ аз ҷониби давлати Байден ва ба вижа  Пенагон дар ин замина аст.

"Ҷо Байден " раисҷумҳури Амрико чанде қабл ваъда дод, ки хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистонро то 11 сентябри 2021 такмил кунад. Вай таъкид  кард дар замони поёни тӯлонӣтарин ҷанге, ки Амрико  даргири он буда фаро расидааст.

  • Такмили 20 дарсад аз раванди хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон

Бо ин ҳол  давлати Байден муддаии идомаи ҳимоят аз давлати марказии Афғонистон аст. " Энтони Блинкен ", вазири хориҷаи Амрико низ муддаӣ шудаас, ки хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон, ба маънои тазъифи муносиботи стратегӣ миёни ду кишвар нахоҳад буд.

Бо ин ҳол низомиёни амрикоӣ ба ҳамроҳи низомиёни НАТО ба суръат  машғули тахлияи Афғонистон ҳастанд ва дар ин росто  рӯзи ҷумъа эълом шуд, ки нерӯҳои Амрико  пойгоҳи ҳавоии Багром, ки нақши маркази фармондеҳии Амрико бударо ба таври комил тахлия кардаанд. Пентагон муддаӣ аст, ки дар ростои муроқибат аз низомиёни худ ва НАТО  тадобиреро ба манзури муқобила бо ҳар гуна  ҳамалоти  эҳтимолии Толибон иттихоз кардааст.

Хуруҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон дар замоне рух медиҳад, ки Толибон аз авосити майи 2021 ҳамзамон бо оғози хуруҷи расмии низомиёни амрикоӣ ва НАТО, ҳамалоти таҳоҷумии худро дар чанд ҷибҳаи муҳим оғоз карда ва акнун муддаӣ аст ки беш аз 80 ( шаҳристон ) аз маҷмӯи 421 шаҳристони Афғонистонро дар ихтиёр дорад.

Ин масъала боис шуда то Амрико ба баҳонаи тадовуми ҷанг бо тероризм ва низ зери назар доштани авзоъи Афғонистон, аз чанд моҳ қабл масъалаи истиқрори эҳтимолии низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба вижа дар Осиёи марказиро матраҳ намояд. Ба вижа инки коршиносон ва бархе мақомоти аршади Афғонистон дар бораи эҷоди халаи қудрат дар ин кишвар пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО ва сӯистифодаи Толибон аз ин масъала барои густариши ҷанг дар Афғонистон ҳушдор додаанд. Зимни инки ба гуфтаи мунтақидони ин халаи  қудрат мӯҷиби афзоиши фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористии монанди ал-Қоида ва ДИИШ хоҳад шуд.

Макмастер  мушовири пешини амнияти миллии Амрико мегӯяд: Ақабнишинии низомии Амрико аз Афғонистон як иштибоҳи роҳбурдии бузург хоҳад буд. Бо такмили хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Пентагон низ изъон кардааст, ки тавоноиҳои низомӣ ва иттилоотӣ барои назорат ва муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ дар дохили Афғонистон маҳдуд мешавад, аммо муддаист ки аз хориҷ аз Афғонистон таҳдидҳои террористиро зери назар хоҳад дошт. Умедвории Пентагон ин аст ки ҳавопаймоҳои таҷассусӣ ва дигар  имконотро дар як ё чанд кишвари ҳамсояи Афғонистон мустақар кунад,  аммо токунун чунин тадобире амалӣ нашудааст.

Ҳушдори сареҳи Русия дар ин  замина  нишон медиҳад, ки Маскав  мухолифи ҳаргуна  истиқрори дубораи низомиёни амрикоӣ дар кишварҳои Осиё марказист. Рӯйдоде, ки пас аз ҳамалоти 11 сентябри 2001 ва оғоз ба истилоҳи ҷанги ҷаҳонии Амрико алайҳи тероризм рух дод ва Вашингтон ба ин баҳона дар кишварҳои Узбекистон ва Қирғизистон  дорои пойгоҳҳои низомӣ шуд.

Бо ин ҳол  ин пойгоҳҳо бо тавваҷӯҳ ба мухолифатҳои физояндаи дохилӣ ва хориҷӣ дар солҳои баъд барчида шуданд. Акнун баҳонаи Амрико барои истиқрори низомиёни худ дар кишварҳои Осиёи марказӣ назорат бар авзоъи Афғонистон аст, бо ин ҳол таҷрибаи қаблӣ нишон додааст ки Вашингтон аз ин масъала дар ростои густариши ҳузур ва нуфузи худ дар ин кишварҳо сӯистифода мекунад.

Ҳамин амр мӯҷиби мухолифати ҷиддии Маскав бо ин масъала шудааст. Зимни инки мақомот рус мӯътақиданд, ки Вашингтон дар солҳои ишғоли Афғонистон талош кард аз ин кишвар ба унвони пойгоҳе барои афзоиши нуфузи геополитикӣ дар минтақа истифода кунад ва акнун нақшаи мушобеҳеро дар бораи Осиёи марказӣ мадди назар дорад. 

342/