ABNA24 : Муҳаммадалӣ Алҳуси, узви аршади Шӯрои олии сиёсии давлати наҷоти миллии Яман изҳор дошт: Дар ҳамлаи ахири артиши Яман, ба ҳеч унвон манотиқи маскунӣ ва мутааллиқ ба ғайринизомиён дар Маъриб ҳадаф қарор нагирифтааст.
Алҳуси хостори ташкили кумитаи таҳқиқ барои баррасии иддаои режими саудӣ дар кушта шудани ғайринизомиёни сокини Маъриб ва ҳамчунин қатли ғайринизомиёни яманӣ, ки дар асари ҳамалоти эътилофи саудӣ ҷони худро аз даст додаанд, шуд.
Воҳиди мушакии артиши Яман ва кумитаҳои мардумӣ рӯзи шанбе бо шиллики як фарванд мушаки баллистик, пойгоҳи шибҳинизомиёни эътилофи саудӣ дар шаҳри Маърибро дарҳам кӯбид.
Расонаҳои саудӣ муддаӣ шуданд, дар ин ҳамлаи мушакӣ 17 нафар аз ғайринизомиёни ямании сокини шаҳри Маъриб ҷони худро аз даст додаанд.
Бо ташдиди ҳамалоти эътилофи саудӣ ба манотиқи ғайринизомии Яман, ҳамалоти боздоранда ва дифоии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба умқи хоки Арабистон, азсар гирифта шудааст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар, аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
342/