28 Май 2021 - 13:47
Вазири хориҷаи Сурия: Ғарбиҳо ҳаққи изҳори назар дар бораи интихоботи моро надоранд

Вазири умури хориҷаи Сурия гуфт. ки ғарбиҳо ҳақ надоранд дар бораи интихобот дар кишвараш изҳори назар кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории расмии Сурия (Сано ), Файсал Ал-Миқдод гуфт: «Интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия нишон дод, ки суриӣҳо озодона ва бо иродаи худ тасмимгирӣ мекунанд ва ҳарфи худро пойи сандуқҳои раъй мезананд.» 

Вай афзуд: «Баёнияҳое, ки бархе кишварҳои ғарбӣ дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия содир карданд нишон дод, ки онҳо дар ҷаҳони кунунӣ зиндагӣ намекунанд ва ба куллӣ аз воқеъият дур ҳастанд.» 

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Сурия  рӯзи чаҳоршанбе  26 май дар дохили ин кишвар баргузор шуд

Ин интихобот панҷшанбеи гузашта низ барои суриҳои хориҷ аз кишвар дар сафоратхонахоҳои Сурия дар кишварҳои мухталиф баргузор шуда буд.

342/