ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дар ин маросим ибтидои қитъаҳои 2 ва 3-и хати як интиқоли оби халиҷи Форс ба устони Язд ба баҳрабардорӣ расид.
Сохти хати як интиқоли оби халиҷи Форс ба устони Язд дар моҳи ноябр оғоз шуда буд .
Имрӯз ҳамчунин сохти хатҳои 2 ва 3-и интиқоли оби халиҷи Форс ба устонҳои Хуросони ҷанӯбӣ, Хуросони разавӣ ва Исфаҳон ва ҳамчунин интиқоли оби баҳри Уммон ба Зоҳидон, маркази устони Систону Балучистон оғоз шуд .
Барои ин тарҳҳои миллӣ 128 ҳазор миллиард тумон сармоягузорӣ шуда ва барои 54 ҳазор нафар ҷои кор эҷод кардааст .
Таъмини оби ошомиданӣ ва оби мавриди ниёзи саноеъи маъданӣ дар устонҳои шарқӣ ва марказии Эрон аз аҳдофи умдаи ин тарҳҳост .
342/