Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба CNN, президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи ҷумъа гуфт, ки Арабистони Саудӣ бояд кӯмаки режими сионистиро барои таҷовуз ба Яман бипазирад ва ӯ бовар дорад, ки Риёз дар ниҳоят онро хоҳад пазируфт.
Вай дар посух ба саволе дар бораи дубора матраҳ шудани мавзӯи эҳёи муносибатҳо бо Арабистони Саудӣ гуфт: «Бале, шояд ин мавзӯъ беш аз ҳар вақти дигар матраҳ аст.»
Трамп гуфт: «Арабистони Саудӣ аз гирифтани дастгириҳои Исроил ва дастгириҳои мо хеле хушҳол аст. Исроил барои Арабистони Саудӣ хеле муфид будааст!»
Пештар рӯзномаи ибронии Ҳааретс хабар дода буд, ки режими сионистӣ тавассути Амрико мекӯшад Арабистони Саудро барои иштирок дар ҷанг алайҳи Яман розӣ кунад.
Дар ин гузориш иддао шудааст, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ба кӯмаки режими сионистӣ алайҳи Яман таваҷҷуҳ намекунад, зеро ин масъала метавонад ба ӯ дар афкори умумии Арабистони Саудӣ зарар расонад.
Your Comment