2 Март 2021 - 20:19
Даъвати Эрдуғон аз дӯстон ва рақибон барои мушорикат дар ислоҳи Қонуни Асосӣ

Раиси Ҷумҳурии Туркия гуфт, ки Қонуни Асосии ин кишвар барозандаи мардуми Туркия нест ва бояд ислоҳ шавад.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз телевизиони давлатии Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳамаи аҳзоби сиёсии кишвараш хост ҳамроҳ бо давлат дар ислоҳи Қонуни Асосии ҷадид саҳим бошанд. 

Пеш аз ин Иброҳим Колин сухангӯии раёсати  ҷумҳурии Туркия рӯзи якшанбе дар суханоне гуфта буд кишвараш сазовори Қонуни асосии беҳтарест, ки ҳамаи талошҳои мудохилаҷӯёнаи ғайридемократӣ дар раванди сиёсӣ ва ба хусус кудетоҳои низомиро беасар кунад. 

Колин афзуда буд: «Ҳар бор дар Туркия кудето рух додааст, масири пешрафти кишвар кунд шудааст.»

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз раҳбарони аҳзоби Туркия ба вижа аҳзоб курд ин иқдоми Эрдуғонро талоше барои тасбити қудрати вай тафсир мекунанд. 

Қонуни Асосии Туркия токунун чандин бор тағйир карда, ки охирин бори он камтар аз чаҳор соли қабл буд.

342/