ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Хуросон, террористҳо рӯзи якшанбе бо ҳамла ба як маъдан дар минтақаи Мачи иёлати Балуҷистони Покистон дасти ками 11 маъданчи аз шиаёни Ҳазораи Покистонро ба тарзи ҳавлноке қатли ом карданд.
Нахусти вазири Покистон Имронхон дар баёнияе зимни маҳкумияти ин ҷинояти ҳавлнок расидагии фаврӣ ба хонаводаи қурбониён ва дастгирии ҳарчӣ зудтари террористҳоро хостор шуд.
Ҳизби маҷлиси ваҳдати муслимин Покистон низ ин ҷиноятро иқдоме буздилона баршумурд ва онро маҳкуми кард.
Балуҷистон яке аз ноамнтарин иёлатҳои Покистон ба шумор меравад.
Дар ҳамлаҳои гурӯҳҳои террористӣ дар иёлот, аз ҷумла ДИИШ, Лашкари Ҷунҷӣ, Ҷамоат-ул-Аҳрор ва Сепаҳ-Сахаба садҳо мусалмон, бавижа шиаҳо, кушта шуданд.
342/