ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Алиризо Мирюсуфӣ ройзани расонаӣ ва сухангӯи ҳайати намояндагии Эрон дар Созмони Миллал чаҳоршанбешаб дар посух ба иддаои Ҷон Ратклиф, мудири иттилооти миллии Амрико, ки Эрон ва Русияро ба талош барои дахолат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико муттаҳам кард гуфт: Бархилофи Вашингтон, Теҳрон дар интихоботи кишварҳои дигар дахолат намекунад ва алоқае низ ба дахолат дар интихоботи Амрико ва ҳеч тарҷеҳе барои натиҷаи он надорад.
Сухангӯи ҳайати намояндагии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард, Амрико бояд ба иттиҳомоти бадхоҳона ва хатарноки худ зидди Эрон поён диҳад.
Нахустинбор нест, ки мақомҳои амрикоӣ кишварҳои дигарро ба дахолат дар интихоботи ин кишвар муттаҳам мекунанд ва ин иттиҳомзанӣ дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико борҳо муддаии тақаллуб дар интихоботи ин кишвар шудааст.\
342/