ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Саиди Хатибзода- сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер навишт: Тасовири нигаронкунандае аз даргириҳо дар Қарабоғ мунташир мешавад ва ба ҳар ду тарафи ин мунозиъа ( Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон) тавсия мешавад, ки ҳадаф василаро тавҷеҳ намекунад.
-
Санади ҳузури террористҳои сурӣ дар ҷанги Қарабоғ + филм
Хатибзода бо ишора ба ин ки пойбандӣ ба қавонин ва ҳуқуқи байналмиллал аз сӯи ҳар ду тараф зарурӣ аст таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон намепазирад ба сабки такфириҳо саре бурида шавад ва ё дар муқобил, шаҳрҳо ва мардуми бегуноҳ ҳадаф қарор гиранд.
Даври ҷадиди даргирии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қарабоғ аз 27 сентябр оғоз шуд ва токунун шуморе аз неруҳои ду тараф кушта ва захмӣ шудаанд.
342/