10 Октябр 2020 - 15:04
Арабистон ва Иморот; омилони яке аз фаҷеътарин бӯҳронҳои инсонӣ дар таърихи башарият

Вазири хориҷаи давлати Наҷоти Миллии Яман, Арабистон ва Иморотро омилони аслӣ дар вуқӯи яке аз фаҷеътарин бӯҳронҳои инсонӣ дар таърихи башарият унвон кард.

ABNA24 : Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи ал-Масира, « Ҳишом Шараф » вазири хориҷаи Давлати Наҷоти Миллии Яман гуфт, эътилофи мутаҷовизи саудӣ масъули нобудӣ ва вайронии Яман ҳастанду наметавонанд аз зери бори муҷозот ва ҳазинаи тахрибу вайронии Яман фирор кунанд .

«Талъат аш-Шарҷабӣ » сухангӯи шӯроии олии умури инсонии Яман низ дар вокуниш ба эътои ҷоизаи сулҳ « нобел » ба « барномаи ҷаҳонии ғизо » гуфт , барномаи ҷаҳонии ғизо ҳамвора фоқиди рӯйкарди бетарафона буда ва дар амал ба вазоифи худ дар хусуси камбуди ғизо ва сӯитағзияи мардум дар Яман қусур кардааст .
 Арабистон бо ҳимояти Иморот, Амрико ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст .
Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ  ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо Яманӣ мунҷар шудааст .

342/