13 Сентябр 2020 - 14:22
Сабти номи номзадҳо ба интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар дод.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақли аз сомонаи Ховар , дар нишасти рӯзи якшанбеи 13 сентябри соли ҷорӣ ин комиссия дар шаҳри Душанбе номзадҳои пешниҳодии 5 ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои ширкат  дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри имсол  сабти ном шуданд .

Бар асоси банди 24 қонуни интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пас аз баррасии асноди номзадҳои пешниҳодӣ барои ширкат  дар интихоботи рӯзи 11 октябри раёсати ҷумҳурии ин кишвар , 5 нафар сабти ном шуданд .
Эмомалӣ Раҳмон  номзади ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустами Латифзода  номзади ҳизби кишоварзӣ ,Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист , Рустами Раҳматзода  номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади ҳизби коммунистии Тоҷикистон афроде ҳастанд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рўзи 11 октябри имсолро ба даст овараданд .
Аммо номи Сайидҷаъфар Усмонзода  раиси ҳизби демократии Тоҷикистон дар миёни номзадҳои сабти ном шуда мушоҳида намешавад ва далели сабти ном  нашудани вай низ эълом нашудааст .
 Чаҳор нафар аз ин афрод, ки руасои ҳизбҳои Кишоварзӣ , Сотсиалист , Ислоҳоти иқтисодӣ ва коммунистӣ низ ҳастанд , намояндагони маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон мебошанд .

342/