ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ахбори Осиёи марказӣ , Лоран Барановска, сухангӯи дафтари ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо эълом кард, ки ҳануз даъвати номаи расмӣ барои назорат бар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябри Тоҷикистон барои онон ирсол нашуда ва вай умедвор аст, ки рӯзҳои наздик ин даъват дарёфт хоҳад шуд .
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз соли 2006 бар раванди баргузории интихоботи порлумонӣ ва раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат дораду ҳеҷ як аз интихоботи гузаштаро шаффофу мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалии мавриди назари ин созмон надонистааст .
Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон бо вуҷуди ин, ки то баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз як моҳ монда дар бораи ҳузури нозирони байналмилалӣ ибрози назар накардааст .
Дар солҳои ахир ихтилофи назари Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи мухолифони сиёсии ҳукумати Душанбе шиддат ёфта ва фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон маҳдуд шудааст .
342/