4 Август 2020 - 12:03
Муқобилаи дифои ҳавоии Сурия бо аҳдофи мутахосим дар ҳарими ҳавоии Рифи Димишқ

Дифои ҳавоии Сурия бо аҳдофи мутахосим дар ҳарими ҳавоии Рифи Димишқ муқобила кард.

ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, як болгарди режими саҳюнистии минтақаи Алқаҳтония дар Рифи Алқанитраро дар ҷануби Сурия ҳадаф қарор дод.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ низ эълом кард: Ҷангандаҳо ва болгардҳои ҷангӣ ҳамалотеро алайҳи аҳдофи вобаста ба артиши Сурия дар ҷануби ин кишвар ва дар посух ба амалиёти қарор додани бомбҳои канори ҷодаӣ, ки рӯзи якшанбе дар ҷануби Ҷавлон (ишғолӣ) хунсо шуд, анҷом доданд.

Артиши режими саҳюнистӣ муддаӣ шуда аҳдофе, ки ҳадаф қарор дода шомили нуқоти дидбонӣ ва сомонаҳои ҷамъоварии иттилоот ва сакуҳои дифои ҳавоӣ будааст.

Хабаргузории Сана низ гузориш дод, ки болгардҳои режими саҳюнистӣ бархе аз нуқоти артиши Сурия дар Қанитраро ҳадаф қарор доданд, ки ба бурузи хисоратҳои молӣ мунҷар шуд.

342/