1 Август 2020 - 11:45
Таъсиси Маркази шабонарӯзии кумак ба қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон

Маркази шабонарӯзии кумак ба қурбониёни хушунат дар Тоҷикистон таъсис шуд.

ABNA24: Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳилолбӣ Қурбонзода-раиси Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон гуфт:Ин марказ бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши хушунатҳои ҷинсиятӣ дар хона ва хонавода дар кишвар роҳандозӣ шуд.

Вай гуфт: Бо истифода аз шеваҳои навини илмӣ ва мутахассисони ин марказ дар оянда мизони хушунатҳои ҷинсиятӣ ва хонаводагӣ дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт.

Раиси Кумитаи умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон эълом кард:Шаҳрвандон метавонанд барои истифода аз хадамоти мушовира ва равоншиносии марказ бо шумораи 15 тамос бигиранд.

372/