ABNA24: Симо Содоти Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар кишвар эълом кард:
Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 186 бемори ҷадиди мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 1 499 маврид бистарӣ в шуданд ва ба бақия низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин, ки маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 257 303 нафар расидаст, афзуд: Дар тӯли 24 соати гузашта, 194 нафар аз беморони коронавирус ҷони худро аз даст додаанд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ ба 12 829 нафар расидааст.
342/