ABNA24: Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, вазири хориҷаи ин кишвар "Файсал Бин Фарҳон Бин Абдуллоҳ" бо Брайан Ҳук, фиристодаи вижаи давлати Амрико дар Эрон дидор кард.
Тибқи ин гузориш, ду тараф ҳамчунин таҳаввулоти марбут ба парвандаҳои мухталифи минтақаӣ, аз ҷумла он чи "хатари Эрон алайҳи амнияти минтақа ва талошҳои муштараки ду кишвар барои таҳаққуқи амният ва суботи минтақаӣ" хонда шудро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор, ҳамчунин шуморае аз масъулони саудӣ ва сафири Амрико дар Арабистон "Ҷон Аби Зайд" ҳузур доштанд.
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Эрон бо Брайан Ҳук, фиристодаи вижаи давлати Амрико дар Эрон , пеш аз сафар ба Арабистони Саудӣ, дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо мақомҳои ин кишвар, аз ҷумла вазири хориҷа дидор ва алайҳи Эрон ройзанӣ кардааст.
342/