(ABNA24.com)Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи кумитаҳои тахассусии ситоди миллии муқобила бо коронавирус, бо баёни ин, ки инсиҷоми мардум ва масъулони Эрон дар муқобила бо коронавирус қобили тақдир аст, афзуд: Ҳамагон бояд бо риояти ваҳдат ва инсиҷоми бештар, барои убур аз ин шароити сахт талош кунем.
Рӯҳонӣ бо ишора ба ихтилофи назари мавҷуд байни масъулони бархе кишварҳои тавсиаёфта, ки ҳамвора дар мудирият, ба унвони улгу ва меъёри тавсиаёфтагӣ шинохта мешуданд, тасреҳ кард:
Шоҳидем, ки дар бархе аз кишварҳо масъулон дучори сардаргумӣ шуда ва фазои дуқутбӣ дар ин кишварҳо падид омадааст.
Раисҷумҳури Эрон афздуд: Ин ихтилоф ва дудастагӣ, аз ҷумла дар бозкушоӣ ва бозфаъолияти машоғил ва касбу корҳо сабаб шуда, ки мудирияти коронавирусро бо мушкил мувоҷеҳ кунад.