18 Апрел 2020 - 14:51
Муҷтаҳид: Шумори шоҳзодагони саудии мубтало ба коронавирус бисёр боло аз омори эъломӣ аст

Ифшогари маъруфи хонадони Оли Сауд шумори воқеии шоҳзодаҳои саудиро, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, бисёр бештар аз омори эъломӣ тавассути рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" донист.

(ABNA24.com) Муҷтаҳид дар саҳифаи твиттерии худ гуфт, ки омори воқеии шоҳзодаҳои саудӣ, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, бисёр бештар аз омори эъломӣ аст.

Ин ифшогари маъруфи асрори хонадони Оли Сауд навишт: Бемористони тахассусии Ҷидда, ки махсуси шоҳзодаҳо аст, дигар барои пазириши зарфият надорад ва аз ҳамин рӯ, ду меҳмонхона иҷора ва ба дармон ва иқомати шоҳзодаҳо ихтисос дода шудааст.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" ахиран дар гузорише ба нақл аз манобеи огоҳ, аз ибтилои наздик ба 150 нафар аз аъзои хонадони салтанатии Оли Сауд ба коронавирус хабар дода буд.

 

342/