7 Апрел 2020 - 15:52
Нерӯҳои мусаллаҳ аз ҳеҷ талоше барои ҳифзи саломати мардуми Эрон дареғ нахоҳанд кард

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳ дар канори маҷмӯаи беҳдошт ва дармони кишвар аз ҳеҷ талоше барои ҳифзи саломати миллати Эрон дареғ нахоҳад кард.

(ABNA24.com) Сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе дар паёме бо ибрози таассуф аз ҷон бохтани теъдоде аз шаҳрвандони эронӣ дар пайи ибтило ба вируси корона афзуд, муҷоҳидати кодри дармонии беҳдошт ва дармони Эрон дар талоши шабонарӯзӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо, саҳнаҳои ноберо рақам задааст. Сарлашкар Боқирӣ афзуд, ҳамзамон бо талоши маҷмӯаи дармонии кишвар ва бахшҳои дармонӣ ва беҳдоштӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, артиш, Сипоҳи посдорон, вазорати дифо ва нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба коргирии ҳамаи зарфиятҳои модӣ ва маънавӣ дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла иқдомоти пизишкӣ, беҳдоштӣ, рафъи олудагии амокин ва маъобир, ғарболгарӣ, тавлиди ақломи тахассусӣ, фаъол будани бемористонҳои собит ва эҷоди бемористонҳои сайёр ва нақоҳатгоҳҳои мутааддид, тавонистаанд нақши муассир ва таъйинкунандае дар амри мубориза ва муқобила бо ин беморӣ ифо кунанд.

Вай ҳамчунин аз ҳамроҳии ҳамаи миллати Эрон бо марокизи дармонии бемористонӣ ва беҳдоштӣ ва ҳамкорӣ бо пизишкон ва парасторони исоргар, қадрдонӣ кард.

342