7 Апрел 2020 - 14:36
Ибтилои 90 дарсадии мардуми Яман ба корона дар сурати густариши беморӣ дар кишвар

Вазири беҳдошти Яман: Корона дар Яман густариш пайдо кунад, 90 дарсади мардум ба ин беморӣ мубтало мешаванд.

(ABNA24.com) Ба гузориши Форс, Тоҳо ал-Мутавакил, вазири беҳдошти Давлати наҷоти миллии Яман эълом кард, агар вируси корона вориди Яман шавад, 90 дарсади миллат ба он мубтало хоҳанд шуд.

Бар асоси гузориши шабакаи «Ал-Масира», вай идома дод, агар миёнгини шӯюъ ба ин шакл бошад, ки ҳар нафар се нафари дигарро мубтало кунад, дар арзи чанд ҳафта 28 миллион яманӣ мубтало ба корона хоҳанд шуд.

Вазири беҳдошти Яман идома дод, вазъияти мавҷуд ёрии ҳама дар шимол ва ҷанубро металабад, бояд бо тарафи муқобил барои иттихози тарҳе ҷиҳати муқобила бо корона ба баҳс нишаст. Вай таъкид кард, дар бемористонҳои Яман танҳо 1500 тахт вуҷуд дорад, ки дар сурати шуюи корона ҳаддиақал як миллион нафар ниёз ба бистарӣ доранд.

Масъулони маҳаллӣ дар Яман эълом карданд, як ронандаи покистонии машкук ба коронаро қабл аз вуруд ба Яман шиносоӣ кардаанд.

/342