11 Март 2020 - 14:59
Сафари ҳайати Ҷиҳоди исломии Фаластин ба Русия: Оштии дохилӣ дар раъси ройзаниҳо

Пас аз сафари ҳайати ҲАМОС ба Маскав, ҳайате аз Ҷиҳоди исломии Фаластин ба раёсати дабири кулли ин ҷунбиш низ ба Русия сафар карда ва қарор аст бо вазири хориҷаи ин кишвар ва муовини вай дидор кунад.

AhlulBayt News Agency (ABNA) , ҳайате аз Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба раёсати дабири кулли ин ҷунбиш Зиёд Аннахола имрӯз (чаҳоршанбе) вориди Маскав, пойтахти Русия шуд.

Ин ҳайат, ки ба даъвати Вазорати хориҷаи Русия ба ин кишвар рафтааст, бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ва муовини ӯ Михаил Богданов дидор хоҳад кард.

Хабарнигори “Алмаёдин” эълом кард, парвандаи оштии фаластинӣ дар раъси музокироти ҳайати ҷиҳод дар Маскав хоҳад буд ва ду тараф тарҳи “Муомилаи қарн” ва равобити дуҷонибаро низ баррасӣ хоҳанд кард.

“Муомилаи қарн” ҳамон тарҳи ироашуда ба дасти Амрико барои ҳалли низои фаластини-исроилӣ аст, ки вокунишҳои эътирозомези зиёде ба ҳамроҳ доштааст.

Дар моҳи ҷорӣ ҳайате аз ҲАМОС ба раёсати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши фаластинии ҲАМОС ба Маскав сафар кард ва Ҳания дар дидор бо вазири хориҷаи Русия дар Маскав дар бораи се парвандаи муҳим баҳсу табодули назар кард.

Tags