7 Март 2020 - 06:29
Таъйини писари вазири собиқи маориф ба симати раиси Ожонси назорат дар бахши маориф

Шоҳин Саидзода, писари Нуриддини Саид, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон ба симати раиси Ожонси назорат дар соҳаи маориф таъйин шудааст.

(ABNA24.com) Ба гузориши “Спутник”, бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо як фармон Шоҳин Саидзодаро ба раёсати ниҳоди навтаъсис таъйин кард.

Эмомалӣ Раҳмон охири моҳи гузашта барои ташкили Ожонси назорат дар соҳаи маориф ба масъулини се моҳ фурсат дода буд, то ойиннома, сохтори марказию маҳаллӣ ва низоми идории ожонси навтаъсисро таҳия ва пешниҳод кунад.

Дар назар аст, ки ниҳоди нав ба иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маориф машғул шавад.

Шоҳин Саидзода хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, писари собиқ вазири маориф Нуриддини Саид аст, ки ҳамакнун раиси Кумитаи телевизион ва радио мебошад.

Исми Шоҳин Саидзода қаблан ба далели зикри номаш дар “Диссернет” бо иттиҳоми асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ феълан ба раёсати ниҳоде таъйин гардид, ки назорати бахши маорифро ба уҳда дорад.

Дар пайи ин хабарҳо сару садоҳои зиёде дар расонаҳо сар зад ва соли гузашта Раҳматуллоҳ Мирбобоев, муовини вақти вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон иттиҳоми асардуздӣ алайҳи Шоҳин Саидозода, писари Нуриддин Саид, вазири вақти маорифи кишварро шарҳ дода гуфт, “Диссернет” як созмони ҷамъиятӣ аст, ки на танҳо рисолаҳои олимони Тоҷикистон, балки дигар кишварҳоро ҳар сари вақт расонаӣ мекунад ва масъулини тоҷик онҳоро меомӯзанд, ки то чӣ андоза ба воқеият наздик аст. Муовини аввали вазири собиқи маориф иттилоъ дод, ки Шоҳин Саидзода охири моҳи декабри соли гузашта ба ҷаласаи Шӯрои олии аттестатсионии Русия даъват шуд ва тавонист нишон диҳад, ки рисолааш дуздӣ нест.

Ба гуфтаи вай, Шоҳин Саидзода тавонист нишон диҳад, ки кори илмии ӯ дуздӣ нест, балки ин шабоҳатҳо аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки бо Кодекси ҷиноии Русия монанд аст, гирифта шудааст, на аз рисолаи афроди дигар. Мирбобоев дар хулоса таъкид кард, ки кори илмии Шоҳин Саидзода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия бекор нашудааст ва ӯ бори дигар меравад ва исбот мекунад, ки мустақилона корро анҷом додааст.