(ABNA24.com) Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамалоти мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ду пойгоҳи Амрико дар Ироқро як силӣ хонданд ва таъкид карданд, дар мақоми муқобила, ин иқдомоти низомӣ ба ин шакл кифоят намекунад, балки бояд ҳузури фасодбарангез ва вайронгари Амрико дар минтақа тамом шавад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми Қум бо таъкид бар ин ки миллатҳои минтақа ва давлатҳои бархоста аз миллатҳо бидуни тардид идомаи ҳузури фасодбарангези Амрикоро қабул намекунанд, хотирнишон карданд: Ҳузури амрикоиҳо дар ин минтақа ва дар ҳар ҷойи дигари ҷаҳон, ҷуз ҷанг, ихтилоф, фитна, вайронӣ ва хароб шудани зербиноҳо ҳеҷ натиҷаи дигаре надоштааст.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки ҳузури амрикоиҳо дар минтақа бояд ба поён бирасад, изҳор доштанд, амрикоиҳо ҳамин фасоду вайронгариро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон орзу ва исрор доранд ва масъалаи музокира ва нишастан пушти миз, муқаддимаи он дахолатҳо ва ҳузурҳо аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба нақши таъйинкунандаи сипаҳбуд Сулаймонӣ дар шикасти нақшаҳои Амрико дар Фаластин, Ироқ ва Лубнон хотирнишон карданд, сипаҳбуд шаҳид Сулаймонӣ дар муқобили ҳамаи нақшҳҳое, ки бо пул, тавоноӣ ва таъсиргузории сиёсӣ ва ташкилоти васеи амрикоиҳо шакл мегирифт, қад алам кард ва онҳоро хунсо ва бенатиҷа кард.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки мақсуд аз душман; Амрико, режими саҳюнистӣ ва маҷмӯае аз компониҳо ва ғоратгарону ситамгарони дунё таҳти унвони дастгоҳи истикбор аст, афзуданд, бархе давлатҳои дохил ё хориҷи минтақаро то замоне, ки ҳаракате дар хидмати душман анҷом надода бошанд, набояд ҷузу душман қаламдод кард.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин таъкид карданд, мусаввабаи парлумони Ироқ мабнӣ бар ихроҷи Амрико аз он кишвар, бисёр хуб буд ва умедворем Худованд тавфиқ диҳад ин ҳаракатро дунбол кунанд.

































/129