AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Pars Today
Душанбе

14 Октябр 2019

07:25:44
982520

Раҳбари муаззами инқилоб: Бо тамассук ба сайидушшуҳадо (а) дар муқобили Амрико кӯтоҳ намеоем

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин, ки миллати Эрон бар асоси фалсафаи ҳаракати ҳазрати Сайидушшуҳадо, муқобила бо ҷабҳаи куфр, саҳюнизм ва Амрикоро вазифаи худ медонад, таъкид карданд: Кӯтоҳ наомадани Эрон дар муқобили Амрико бар ҳамин асос сурат мегирад.

(ABNA24.com) Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо баёни ин, ки миллати Эрон бар асоси фалсафаи ҳаракати ҳазрати Сайидушшуҳадо, муқобила бо ҷабҳаи куфр, саҳюнизм ва Амрикоро вазифаи худ медонад, таъкид карданд: Кӯтоҳ наомадани Эрон дар муқобили Амрико бар ҳамин асос сурат мегирад.

Ҳазрати Оятулоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз (якшанбе) дар маросими донишомӯхтагии донишҷӯёни Донишгоҳи Имом Ҳусейн (а), иззати Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар дохил ва хориҷ ёдоварӣ карданд ва афзуданд: Амрикоиҳо низ бо чеҳраи хасмона ва абуси худ ба Сипоҳ, иззати онро афзунтар карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар зарурати маҷаҳҳаз шудан ба ҳамаи абъоди нармафзорӣ ва сахтафзории қудрат, роҳпаймоии "Арбаин"-ро аз мисдоқҳои қудрати ҳақиқӣ хонданд ва афзуданд: Иҷтимои азим ва миллионии зоирон дар масири ҳаракати ба Карбало, қудрати ислом ва ҷабҳаи муқовимати исломиро таҷаллии дубора медиҳад.

Эшон роҳпаймоии азими мусалмонон дар "Арбаин"-и ҳусейнӣ аз кишварҳои мухталиф, фирқаҳои мухталифи ислом ва ҳатто бархе адёни дигарро, фарёде расо ва расонаии беҳамто дар дунёи печидаи таблиғот ва ҷаҳони пурҳаёҳуи башарияти имрӯз хонданд ва афзуданд: Шиори пурмаънои "Алҳусейну яҷмауно" як ҳақиқати ноб аст, чаро ки Имом Ҳусейн (а) ин иҷтимои беназирро ба роҳ андохтааст ва ҳамаро ба самти сарчашмаи маънавият ва озодагӣ ба ҳаракат даровардааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин, ки имрӯз ҷабҳаи куфр ва саҳюнизм ва Амрико бо макидани хуни миллатҳо, ҷангафрӯзӣ ва дигар фоҷеаҳо, бо миллатҳо бо зулм ва ҷавру ситам рафтор мекунад, тасреҳ карданд: Имом Ҳусейн (а) адои вазифа дар муқобила бо зулму золимро иллати қиём ва ҳаракати худ эълом мекунад ва Ҷумҳурии исломӣ низ бар ҳамин асос, амал ба ин вазифаро таклифи худ медонад ва дар ҳама ҳол ба он амал хоҳад кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ афзуданд: Ҷавонон бидонанд, ки фикру зеҳни онҳо аввалин омоҷи душман аст, бинобарин бо имон ва қудрат дар муқобили тарфандҳои душманон боистанд.





/129





/129