Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ пас аз ин боздид дар ҷамъи фармондеҳон ва масъӯлони Донишгоҳи улӯм ва фунуни ҳаво-фазоии Ошӯро, режими саҳюнистиро мазҳари табъизи нажодӣ хонданд ва гуфтанд: Саҳюнистҳо худро нажоди бартар медонанду бақияи оҳоди башарро нажоди паст ба ҳисоб меоваранд ва ба ҳамин далел аст, бидуни эҳсоси нороҳатии виҷдон, чандин ҳазор кӯдакро ба қатл расондаанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид карданд: Ҳангоме, ки раисиҷумҳури Амрико, садри аъзами Олмон, раисиҷумҳури Фаронса ва нахуствазири Англия, бо он ҳама иддао аз чунин режими нажодпарасте ҳимоят ва ба он кумак мекунанд, ба маънои тарафдории ин оқоён аз табъизи нажодӣ ба унвони нафратангезтарин масоили дунё аст.
Фармондеҳи муаззами кулли қуво хотирнишон карданд: Мардуми Аврупо ва Амрико низ бояд таклифи худро бо ин вазъият равшан кунанд ва нишон диҳанд, ки тарафдори табъизи нажодӣ нестанд.
342/