AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

15 Ноябр 2023

20:33:32
1411986

Раҳбари муаззами инқилоб: Пойгоҳи фикрии мустаҳкам бо ороиши таҳоҷумӣ, ниёзи имрӯз аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузории Конгресси байналмилалии Аллома Таботабоӣ таъкид карданд, пойгоҳи фикрии мустаҳкам бо ороиши таҳоҷумӣ, ниёзи имрӯз аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, матни баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузории Конгресси байналмилалии Аллома Таботабоӣ, ки дар таърихи ҳаштуми ноябри 2023 баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар маҳали баргузории ҳамоиш дар Қум мунташир шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, марҳӯм Алломаро падидае камназир дар ҳавзаҳои илмия дар қарнҳои ахир хонданд ва гуфтанд, яке аз корҳои муҳими оятуллоҳ Саидмуҳаммад Ҳусайни Таботабоӣ дар буҳбуҳаи таҳоҷуми андешаҳои воридотӣ ва бегона, ҷиҳоди фикрӣ ва ташкили як пойгоҳи фикрии мустаҳкам ва бо ороиши таҳоҷумӣ буд, коре, ки имрӯз ба он ниёз дорем.


342/