AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

16 Январ 2023

18:21:01
1339043

Сухангуи вазорати беҳдошт: Бо тавлиди 60 миллион доз воксани "Баракат" ниёз ба воридот надорем

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон таъкид кард, бо вуҷӯди тавлиди 60 миллион доз воксани "Баракат", ки дар баробари навъҳои ҷадиди Карона ҳам короӣ доранд, ниёзе ба воридот надорем.

Мутахассисону донишмандони эронӣ, дар сохту тавлиди анвоъи воксанҳои Карона муваффақ амал кардаанд.

Пидром Покойин, сухангӯи вазорати беҳдошт, имрӯз (якшанбе) гуфт, захираи воксани Карона дар кишвар шароити муносибе дорад ва бо таваҷҷуҳ ба пайкҳои эҳтимолии баъдӣ, нигарониҳо бемаврид аст.

Вай маҷмӯи дарёфтии воксани Карона ҳам аз дохилӣ ва хориҷиро ҳудӯди 213 миллион доз эълом карду афзуд, аз ин теъдод 185 миллион доз тазриқ шуда ва бахши қобили таваҷҷӯҳе аз воксанҳои боқимонда то поёни соли оянда муҳлати инқизо ва қобилияти истифода доранд.

342/