(ABNA24.com) Ширкати нафти Яман дар баёнияе тасреҳ кард, бо вуҷуди ин ки фиристодаи Созмони Милал ба Яман дар гузориши тозаи худ ба Шӯрои амният, аз вуруди киштиҳои сӯхт ба бандари Алҳудайда ва рафъи мушкил дар ин замина сухан гуфт, аммо эътилофи Саудӣ ҳамчунон киштиҳои ҳомили сӯхтро бо вуҷуди доштани муҷаввиз дар тавқиф нигоҳ доштааст то ранҷи мардумро бештар кунад.
Раиси горди соҳилии бахши дарёи Сурхи Яман гуфт, эътилофи саудӣ даст ба иқдомоти худсарона дар қиболи киштиҳо мезанад аз ҷумла ин ки монеи хуруҷи онҳо аз обҳои Яман мешавад ё онҳоро маҷбур мекунад ба бандари Алҳудайда бозгарданд, бидуни ин ки ҳеҷ далел ё тавҷеҳе дошта башад.
/129
5 Декабр 2019 - 05:32
News ID: 991474
Ширкати нафти Яман эълом кард, эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ҳамчунон ба тавқифи 13 киштии ямании ҳомили сӯхт ва маводи ғизоӣ идома медиҳад.