28 Ноябр 2019 - 09:07
Мӯсавӣ: Давлати Ироқ бояд масъулона ва муассир бо муҳоҷимон ба консулгарии Эрон бархӯрд кунад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи панҷшанбе зимни маҳкум кардани таарруз ба консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷаф хостори бархӯрди масъулона, қотеъ ва муассири давлати Ироқ бо авомили мухарриб ва муҳоҷимон шуд.

(ABNA24.com) Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи панҷшанбе зимни маҳкум кардани таарруз ба консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷаф хостори бархӯрди масъулона, қотеъ ва муассири давлати Ироқ бо авомили мухарриб ва муҳоҷимон шуд.

Сайидаббоси Мӯсавӣ бо маҳкум кардани ин иқдом ва бо ёдоварии масъулияту вазоифи давлати Ироқ барои ҳимоят аз амокини дипломатӣ ва дипломатҳо изҳор дошт, эътирози шадиди Эрон расман ба сафири Ироқ дар Теҳрон иблоғ шудааст.

Шаби чаҳоршанбе гурӯҳе аз муҳоҷимини ниқобдор таҳти ливои эътироз ба авзои нобасомони иқтисодӣ дар Ироқ ба консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Наҷаф ҳамла ва бахшҳое аз онро ба оташ кашиданд. Иғтишошгарон дар Ироқ, ки дар ҳафтаҳои ахир гузоришҳое мабнӣ бар эътои маболиғи молии қобили таваҷҷуҳ ба онҳо аз сӯйи сафоратҳои бархе кишварҳои арабии ҳошияи ҷанубии Халиҷи Форс мунташир шудааст, пеш аз ин низ ба консулгариҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳрҳои Басра ва Карбало ҳамла карда буданд.

Бархе аз устонҳои Ироқ, аз ҷумла Наҷаф дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди баргузории тазоҳурот дар эътироз ба вазъияти номуносиби хадамоти умумӣ, набуди фурсатҳои шуғлӣ ва фасоди идорӣ ҳастанд, аммо ин эътирозот дар рӯзҳои ахир ба самти хушунат рафта ва даҳҳо куштаву захмӣ доштааст. Шавоҳид нишон медиҳад, тазоҳурот дар Ироқ худҷӯш набуда ва бегонагон дар шаклгирии он нақш доштаанд.



/129