(ABNA24.com) Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба сӯистифодаи бархе авбош аз мутолиботи мардуми Эрон гуфт, Амрико дар садри созмондеҳии ин бадкориҳо қарор дорад ва мутаассифона, Фаронса ва Олмон ҳам ҳамроҳӣ карданд.
Иҷрои тарҳи ислоҳи қимати сӯхт дар Эрон аз бомдоди ҷумъаи гузашта эътирози мусолиматомези мардумро ҳамзамон дар Теҳрон ва бархе шаҳрҳои дигари Эрон ба ҳамроҳ дошт, аммо иддаи ошӯбгари омӯзишдида бо ҳузур дар байни мардуми муътариз дар Эрон ба амволи умумӣ ва шахсӣ, ҳатто бонкҳо, мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” ва ҳамлу нақли умумӣ осеб ворид карданд.
Оятуллоҳ Саидаҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ошуфтагии ахир дар Эрон гуфт, душманони миллати Эрон се сол барои эҷоди иғтишош дар Эрон бо омӯзиши нерӯҳояшон дар хориҷу дохил аз кишвар барномарезӣ карданд, аммо ҳама тавтеаҳояшон хунсо шуд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҳимояти бархе кишварҳо аз ашрору ғоратгарони амволи мардуми Эрон дар ҳаводиси ахир тасреҳ кард, режими Саудӣ ҳамроҳ бо ҳимоятҳои молӣ расонаҳояшро дар ихтиёри ин ашрор қарор дод. Оятуллоҳ Хотамӣ гурӯҳаки террористии мунофиқинро яке дигар аз авомили иғтишошоти ахир дониста гуфт, мунофиқини одамкуш, ки 17 ҳазор эрониро террор карданд, аз ин ашрор ҳимоят карданд.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки миллати бузурги Эрон ҷилвае аз нақш бар об шудани тавтеаҳои душманони инқилобро дар рӯзҳои ахир диданд, хотирнишон кард, давлати Эрон ҳам ба ваъдаи худ амал кунад ва нагузорад бар қиматҳо афзуда шавад.
Мардуми Эрони исломӣ дар чанд рӯзи гузашта бо баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои мухталиф иқдомоти ошӯбгаронро маҳкум карданд.
/129
23 Ноябр 2019 - 05:40
News ID: 988596
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба сӯистифодаи бархе авбош аз мутолиботи мардуми Эрон гуфт, Амрико дар садри созмондеҳии ин бадкориҳо қарор дорад ва мутаассифона, Фаронса ва Олмон ҳам ҳамроҳӣ карданд.