Ба гузориши хабаргузории ABNA, Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар вокуниш ба суханронии «Бинёмин Нетанёҳу» нахуствазири режими сионистӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ин суханрониро «туҳӣ, пур аз дурӯғ ва шиорҳои беасос» тавсиф кард ва эълон намуд, ки изҳороти ӯ умқи буҳронеро, ки бо он рӯбарӯ аст, ошкор кард.
Ҳамос дар баёнияе таъкид кард: Дурӯғҳои ошкори Нетанёҳу дигар бар кишварҳои ҷаҳон ва афкори умумии байналмилалӣ пӯшида нест ва воқеияти амалҳои режими сионистӣ тавассути ҷанг, гуруснагӣ ва ташнагӣ алайҳи мардуми Ғазза барои ҷаҳониён ошкор шудааст; амалҳое, ки ҷони даҳҳо ҳазор кӯдак, зан ва солхӯрдаро гирифта ва инфрасохтори зиндагии беш аз ду миллион нафар дар навори Ғаззаро ҳадаф қарор додааст.
Ин ҳаракат инчунин даъвои Нетанёҳу дар бораи он ки артиши режими сионистӣ «ахлоқитарин артиши ҷаҳон» аст, рад кард ва гуфт, ки ин даъво бо он чи ҷаҳон аз куштор, ҷанг, гуруснагӣ, ташнагӣ ва куштори ғайринизомиёни бедифо шоҳид будааст, дар тазоди комил аст.
Ҳамос афзуд, ки гузоришҳои кумитаҳо ва ниҳодҳои мустақили Созмони Милали Муттаҳид амалҳои дар Ғазза анҷомшударо дар чаҳорчӯбаи ҷиноятҳои ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ тавсиф кардаанд ва он чи Нетанёҳу дар бораи ҷанг дар Ғазза ва инкори «наслкушии ташкилшуда» пешниҳод кардааст, бо гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид ва он чи дар ин минтақа рух додааст, дар тазод аст.
Дар идомаи ин баёния омадааст: Изҳороти Нетанёҳу инчунин бо эътирофоти баъзе низомиён ва афсарони режими сионистӣ ва изҳороти шумори вазирон ва роҳбарони ин режим дар бораи куштор ва кӯчонидани фаластиниён тазод дорад.
Ҳамос дар бахши дигари баёнияи худ, хориҷ шудани шумори зиёди ҳайатҳои кишварҳои гуногун аз толори Маҷмаи Умумӣ ҳангоми суханронии Нетанёҳуро нишонаи «инзивои байналмилалӣ»-и ӯ ва режими сионистӣ донист ва таъкид кард, ки ин амал ифодагари афзоиши огоҳии ҷаҳонӣ нисбат ба вазъияти фаластиниён ва густариши ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин аст.
Your Comment