24 Август 2019 - 09:54
Таҷдиди мисоқи раиси ҷумҳурӣ ва аъзои ҳайати давлати Эрон бо ормонҳои имом Хумайнӣ (р)

Раиси ҷумҳури Эрон ба ҳамроҳи аъзои ҳайати давлат имрӯз (шанбе) бо ҳузур дар марқади мутаҳҳари ҳазрати имом Хумайнӣ (р) бо ормонҳои бунёнгузори Эрон таҷдиди мисоқ карданд.

(ABNA24.com) Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Руҳонӣ ҳамчунин дар ин маросим, ки ҳуҷатул ислом ва муслимин Саидҳасани Хумайнӣ тулияти остони мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р) низ ҳузур дошт, бо қароати фотиҳа ёду хотираи оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ раиси фақиди маҷмаи ташхиси маслиҳати низомро гиромӣ дошт. Раиси ҷумҳури Эрон бо ҳузур дар мазори шаҳидони давлат ва шаҳидон Муҳаммадалии Раҷоӣ, Муҳаммадҷаводи Боҳунар ва Муҳаммадҳусайни Биҳиштӣ ва гулзори шаҳидони дифои муқаддас ба мақоми баланди шаҳидон низ адои эҳтиром кард. Муҳаммадалии Раҷоӣ раиси ҷумҳур ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар нахуствазири Эрон соли 1981 дар таркиши террористии Дафтари нахуствазирӣ ба дасти аносури гуруҳаки террористии мунофиқин ба шаҳодат расиданд. Барои гиромидошти ёду хотираи ин шаҳидон 24 то 30 август ба унвони "Ҳафтаи давлат" номгузорӣ шудааст




/129