Ба гузориши хабаргузории Абна, равобити умумии Нерӯи баҳрии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе эълон кард: як танкери дигари қонуншикан дар Тангаи Ҳурмуз оташ гирифт.
Дар ин иттилоия омадааст:
Дақиқаҳо пеш як танкери қонуншикан, ки бо хомӯш кардани системаҳои навигатсионӣ дар минтақаи мамнӯъи шарқи Тангаи Ҳурмуз ҳаракат мекард, бар асари бархӯрд бо минаи баҳрӣ оташ гирифт ва ба таври шадид осеб дид.
Ин танкер чорумин танкери осебдида дар 24 соати гузашта дар шарқи Тангаи Ҳурмуз аст.
Амнияти Тангаи Ҳурмуз бо лаффозию дурӯғгӯӣ таъмин намешавад; балки гузариши бехатар талабгори риояи қоидаҳои баҳрнавардӣ ва ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои мусаллаҳи Эрони исломӣ аст.
Your Comment