Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба Анатулӣ, «Жан-Люк Меланшон» роҳбари ҳизби чапгарои «Фаронсаи таслимнашаванда» ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2027-и ин кишвар дар ҷамъомади интихоботии худ дар минтақаи Бурже дар шимоли Париж мавқеъҳо ва барномаҳои худро дар бораи таҳаввулоти Осиёи Ғарбӣ шарҳ дод.
Меланшон бо таъкид бар ҳимоят аз мардуми Фаластин гуфт: «Мо ба таври мустақим дар ростои муқобилат бо наслкушӣ дар Ғазза ва дар баробари замимашавии тадриҷии Каронаи Ғарбӣ ба фаластиниён кӯмак хоҳем кард.»
Вай афзуд: «Киштиҳои фаронсавӣ, дар сурати зарурат, нерӯҳои ба Ғазза равандаеро, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи миллати Фаластин сафарбар шудаанд, эскорд хоҳанд кард.»
Ин сиёсатмадори фаронсавӣ инчунин мухолифати худро бо ишғоли тадриҷии Каронаи Ғарбӣ, ҷануби Лубнон ва баландиҳои Ҷавлон аз ҷониби низоми ишғолгар эълон кард ва гуфт, ки Париж чунин амалҳоро намепазирад.
Меланшон дар бахши дигари изҳороти худ бар зарурати андешидани тадбирҳои амалӣ барои ҳимоят аз ҷамоаҳои масеҳӣ дар Фаластин ва Лубнон таъкид кард ва гуфт, ки ин ҷамоаҳо таҳти фишори муҳосира ва озору азият қарор доранд.
Жан-Люк Меланшон, роҳбари ҳизби «Фаронсаи таслимнашаванда», аз чеҳраҳои асосии ҷараёни чапи Фаронса аст, ки пештар низ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ширкат кардааст. Ӯ дар интихоботи соли 2022 бо касби тақрибан 22 фоизи оро дар ҷои сеюм қарор гирифт.
Меланшон дар барномаи интихоботии соли 2027-и худ сиёсати хориҷии мустақил аз Амрико ва НАТО, ҳимоят аз ҳуқуқи фаластиниён, мухолифат бо шаҳракнишинӣ ва замимашавии сарзаминҳои фаластинӣ ва татбиқи таҳрим алайҳи кобинаи Бенёмин Нетанёҳуро аз меҳварҳои асосии сиёсати хориҷии худ эълон кардааст.
Your Comment