Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз пойгоҳи хабарӣ Ал-Қастал, «Гади Айзенкот» рақиби асосии Бенёмин Нетаняҳу дар интихоботи Кнесети режими сионистӣ гуфт: Нетаняҳу шахсест, ки дар ҷаҳони хаёлот зиндагӣ мекунад.
Айзенкот, ки қаблан роҳбари ситоди артиши режими сионистӣ буд, минбаъд афзуд: Нетаняҳу медонад, ки Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ядроӣ дар ихтиёр надоштааст.
«Гади Айзенкот» ҳамчун раҳбари ҳизби «Яшар» қаблан низ таъкид карда буд, ки Нетаняҳу дигар шоистаи ҳузур дар вазифаи сарвазири Исроил нест ва тарҳи иқтисодии ӯ барои муқобила бо таҳримҳои эҳтимолии байналмилалӣ алайҳи Тел-Авив амнияти ин режимро таҳдид мекунад.
Ӯ афзуд: изҳороти ахири Нетаняҳу нишон дод, ки иртиботи ӯ бо ҷаҳони воқеият қатъ шуда ва ба ҷаҳони хаёлот ворид шудааст, зеро иддао кард, ки Исроил метавонад худро комилан аз низоми молии ҷаҳонӣ ҷудо кунад. Ин девонагии мардест, ки дигар шоистаи сарвазирӣ нест.
Ин изҳороти Айзенкот дар ҳолест, ки ӯ ва эътилофи интихоботии ӯ дар назарсанҷиҳо аз Нетаняҳу ҳамчун раҳбари ҳизби ҳокими Ликуд пеш мебошанд.
Your Comment