Ба гузориши хабаргузории Абна, рӯзномаи Едиот Аҳронот даъво кард, ки Бенёмин Нетанёҳу нахуствазири режими сионистӣ, Трампро аз даст дод ва ин режим Амрикоро.
Дар ин гузориш омадааст: Дар ҳоле ки ба мӯҳлати интихоботи парлумонӣ дар Исроил наздик мешавем Нетанёҳу ҳеҷ нишонаи сиёсие, ки мадди назараш буда, аз сӯи Кохи Сафед гирифта нашудааст.
Едиот ба нақл аз ҳалқаи наздик ба Трамп даъво кард, ки вай аз Нетанёҳу ба сабаби анҷом надодани ҷанги Ғазза хашмгин аст, зеро ин мавзӯъ монеи густариши созишномаҳои эътидолсозии равобит бо кишварҳои арабӣ шудааст.
Ҳамчунин яке дигар аз сабабҳои асабонияти Трамп аз Нетанёҳу ваъдаҳои вай дар хусуси пирӯзиҳои зуд аз ҷумла нисбат ба Эрон аст.
Ин рӯзнома афзуд: Талошҳои кобинаи Нетанёҳу барои гирифтани ҳимоятҳои ошкор аз сӯи Кохи Сафед то ҳол бенатиҷа мондааст.
Ин дар ҳолест, ки тамоми сиёсатҳои ҷангталабонаи режими сионистӣ нисбат ба минтақа ва таҷовузи Вашингтон ва Тел-Авив бо ҳамоҳангии якдигар анҷом мешавад.
Your Comment