Ба гузориши хабаргузории Абна, як мақоми масъули яманӣ ба шабакаи Ал-Маёдин гуфт, ки Арабистони Саудӣ нерӯҳои таҳти ҳимояти худро сарфи назар аз хароҷот ва талафот зери фишор гузоштааст, то ба пешрафтҳои майдонӣ ноил шаванд.
Ин манбаъ гуфт: ба сабаби шумораи баланди кушташудагон ва захмишудагон, норозигӣ дар байни нерӯҳои вобаста ба Арабистони Саудӣ афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки то ҳол зиёда аз 400 нафар аз маздурони саудӣ дар минтақаи Раъс-ул-Аора дар вилояти Лаҳҷ дар ҷануби Яман кушта ё захмӣ шудаанд, ки дар байни онҳо шуморе аз фармондеҳони вобаста ба ҳукумати Риёз низ дида мешаванд.
Ин манбаи масъули яманӣ ҳамчунин изҳор кард, ки шикасти системаҳои мудофиаи ҳавоии Арабистони Саудӣ, Риёзро ба таҳмили фишор бар нерӯҳои худ барои ноил шудан ба пешрафт ҳатто ба баҳои таҳаммули талафот тела додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Арабистони Саудӣ аз ҳаҷм ва дақиқии мушакҳои яманӣ ғофилгир шудааст.
Вай дар анҷом бо ишора ба нигарониҳо дар бораи тӯл кашидани ҷанг гуфт, ки баъзе ширкатҳо ва сармоягузорон низ ҳозир ба баромадан аз Арабистони Саудӣ фикр мекунанд.
Your Comment