Ба гузориши хабаргузории Абна, шабакаи CNN дар гузорише таъкид кард, ки исрори Трамп барои ба даст овардани Ҷоизаи сулҳи Нобел ҳамзамон бо сиёсатҳои низомӣ ва ҷангталабона ва мавзеъгириҳои ҷанҷолии ӯ масхараомез ва хандаовар шудааст.
Бар асоси ин гузориш, Трамп рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки надодани Ҷоизаи Нобел ба ӯ мисли доғи нанг бар пешониҳои Норвегия аст. Вай бо истинад ба даъвоҳояш дар хусуси хотима додан ба чанд ҷанг дархости гирифтани Ҷоизаи Нобелро дорад, дар ҳоле ки ин даъвоҳо дуруст нестанд ва Трамп борҳо номи кишварҳоеро, ки даъвои хотима додан ба ҷанг дар онҳо кардааст, нодуруст гуфтааст. Назарсанҷии Washington Post низ нишон медиҳад, ки танҳо 22 дарсади амрикоиҳо ӯро сазовори ин ҷоиза медонанд.
Ҳамлаҳои низомии Амрико ва таҳдид ба ишғоли Гренландия ҷойгоҳи Трампро заиф кардааст. Ҳамла ба Эрон зарбаи дигаре ба орзуҳо ва умедҳои Трамп барои ба даст овардани Ҷоизаи сулҳи Нобел ворид кард.
Your Comment