Ба гузориши хабарии АБНА, Масъуд Пезешкиан имрӯз бегоҳи панҷшанбе пеш аз сафар ба Туркманистон ба манзури иштирок ва суханронӣ дар ду иҷлоси Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — ҳамчун меҳмони махсус — ва иҷлоси экологии сарони кишварҳои соҳили Баҳри Каспий, изҳор дошт: Ин сафар бо даъвати расмии раисҷумҳури Туркманистон Сардар Бердимуҳаммадов сурат мегирад.
Ӯ бо ишора ба он ки Баҳри Каспий ҳоло дар маърази таҳдиди экологӣ қарор дорад ва иштирок дар иҷлоси экологии сарони кишварҳои соҳили Баҳри Каспий аз ин манзар аҳамият дорад, афзуд: Баҳри Каспий сармояе барои наслҳои оянда аст, агар муҳити зист осеб бинад, барои кишварҳои ҳошияи Каспий мушкилоти фаровон ба вуҷуд меояд.
Раисҷумҳур идома дод: Ифлоскҳои мавҷуда, коҳиши вурудӣ ва хушкии Каспий, ҳамчунин афзоиши шикори обзиён, аз мушкилотест, ки минтақа бо он даст ба гиребон аст ва қарор аст дар ин сафар гуфтугӯҳое дар ин хусус сурат гирад.
Пезешкиан таъкид кард: Илова бар ин, сафар ба Туркманистон фурсати хуб аст то бо кишварҳои ҳозир дар ин ду иҷлос гуфтугӯҳое дар хусуси равобити чандҷониба ва муқобила бо якҷонибагарӣ ва ҳамкориҳои соҳаи энергетика ва дигар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятӣ дошта бошем.
Your Comment