Трамп бидуни таваҷҷуҳ ба моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Теҳрон иддао кард: Эрон наметавонад силоҳи ҳастаӣ дошта бошад!
Хабарнигор аз Трамп пурсид: Мегӯед, ки демократҳо шуморо импичмент мекунанд. Ба кадом сабаб?; Вай иддао кард: Худашон ҳам намедонанд. Ман метавонистам амалҳои бадтаринро алайҳи Ҳилларӣ Клинтон анҷом диҳам. Ман метавонистам амалҳои бадтаринро алайҳи Ҷо Байден анҷом диҳам. Ман метавонистам амалҳои бадтаринро алайҳи Барак Обама анҷом диҳам. Ба назари ман анҷом додани чунин кор номуносиб буд, зеро бо мансаби раисиҷумҳурӣ бояд бо эҳтиром муносибат кард!
Раисиҷумҳури Амрико дар посух ба саволи хабарнигор дар бораи машварат бо раисиҷумҳури русӣ гуфт: Имрӯз (то чанд соат дигар) як занги телефонӣ ба нақша гирифтаам. Рӯзи таваллуди Путин аст. Мутмаинам, ки шумо ҳам онро ҷашн мегиред.
Your Comment