Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Ал-Маёдин, Маҳдӣ Ал-Машат, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман таъкид кард, ки афви фиребхӯрдагони ҳозир дар сафҳои маздурони душмани саудӣ идома дорад.
Вай илова кард: аз масъулони вилояти Таиз мехоҳем, ки механизми афвро дар ин вилоят монанди он чи дар бахшҳои соҳили ғарбӣ рух дод, фаъол кунанд.
Ал-Машат аз талошҳои ришсафедон барои дур нигоҳ доштани Таиз аз туъмаҳои душмани саудӣ ва ҳамчунин ҳушёрии сокинони ин минтақа қадрдонӣ кард ва гуфт, ки туъмаҳои мазкур аз ҷониби меҳмонхонаҳои мустақар дар Риёз барномарезӣ мешаванд.
Рӯзи гузашта Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз берун рондани маздурон ва унсурҳои вобаста ба душмани саудӣ аз шарқи вилояти Ал-Ҷавф хабар дод.
Ҳамчунин нерӯҳои яманӣ дар тӯли рӯзи гузашта муваффақ шуданд пешравиҳои стратегӣ дар вилояти Таизро таҳқиқ кунанд.
Your Comment